Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меню

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, таъмин менамояд.

Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- таъмини амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ;

- иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини мутобиқат байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;

- баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- гузаронидани санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бақайдгирии онҳо;

- пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мураттабсозӣ ва пешбурди нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- пешбурди махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта;

- дар доираи ваколатҳои худ таъмини фаъолияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, иштирок дар омодасозӣ ва баимзорасонии шартномаҳои байналмилалӣ;

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ;

- таъмини фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ;

- гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии содиротии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти истеҳсолоти иҷро ва мақомоти прокуратура;

- роҳбарӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, арзёбӣ ва назорати сифати хизматрасонии давлатӣ;

- таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;

- ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ;

- такмили тахассуси кадрҳои ҳуқуқшинос бо дар назар доштани талабот ва меъёрҳои замонавӣ;

- таъсиси комиссияи тахассусӣ барои ҳал намудани масъалаҳои соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он;

- баррасии саривақтӣ ва босифати шикоятҳо, аризаҳо ва дигар муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- амалӣ намудани вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суроға:  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, кучаи Рудаки 25

Телефон: (+992 37) 221-44-05  Қабулгоҳ

Раёсати коргузорӣ ва назарот: (+992 37) 221-43-51

Факс:  (+992 37) 221-16-22

Почтаи электронӣ:  info@minjust.tj

1
Пресс центр
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
НАҚШИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲ ВА РУШДИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢНАҚШИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲ ВА РУШДИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ: ТАҲЛИЛИ СИЁСӢ-ҲУҚУҚӢҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ: ТАҲЛИЛИ СИЁСӢ-ҲУҚУҚӢ
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА ҲАМЧУН МЕХАНИЗМИ ТАҲКИМИ АМНИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОРДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА ҲАМЧУН МЕХАНИЗМИ ТАҲКИМИ АМНИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОР
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда: аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣТашаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда: аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ
Направления
Апостилгузорӣ
Мубориза бо Коррупсия
Муқовимат ба Терроризм ва Экстремизм
Технологияҳои иттилооти ва коммуникатсионӣ
Бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Бақайдгирии давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ
Нотариати давлатӣ
Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ
Ёрии ҳуқуқии ройгон
Полезные ссылки
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Шуъбаи апостилгузори ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва бақайдгирии давлати уҳдадориҳои таъминшуда
Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирӣ давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Сарраёсати қонунгузорӣ
Раёсати молия ва хоҷагӣ
Раёсати робитаҳои байналмилали ҳуқуқӣ
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Документы
ФОРУМИ ЁЗДАҲУМИ МИЛЛӢ ОИД БА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН
2025-10-31T21:13:00Z
ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЛИ 2013
2025-04-30T10:23:00Z
ҲИСОБОТҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР СОЛИ 2025
2026-02-10T10:30:00Z
Вакансии
Мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
2025-10-23
Мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Темурмалик
2025-10-23
Мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯшон
2025-10-23
Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт
2025-10-23
Календарь событий
2024-05-23
«Тоҷикона мепушем»
2024-06-06
Мутолиаи китобҳои бадеӣ
2024-11-25
Международный день борьбы за ликвидацию насилия в отношении женщин
Услуги
Слайды
Страницы
Фаъолият
Маркази матбуот
Тамос бо мо
Дар бораи Вазорат
Санадҳо
Нома ба мақомот
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал