МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ РАЁСАТИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ НОҲИЯИ МУХТОРИ ШИНҶОН-УЙҒУРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ РАЁСАТИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ НОҲИЯИ МУХТОРИ ШИНҶОН-УЙҒУРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Имрӯз, 27 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муовини директори генералии Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Хушэнг Сю баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ, густариши робитаҳои дуҷониба дар самти илм ва технология, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, мубодилаи таҷриба миёни олимону муҳаққиқон ва истифодаи дастовардҳои муосири илмию инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суҳбат ба сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ишора намуда, таъкид дошт, ки ҳамкориҳои илмию техникӣ яке аз самтҳои муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб мераванд.
 
Қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони олии ду кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин дар марҳилаи нави рушд қарор гирифта, барои густариши робитаҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
 
Дар навбати худ, муовини директори генералии Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Хушэнг Сю доир ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ ва технологӣ, таҷрибаи муассисаҳои илмӣ ва марказҳои инноватсионии минтақа ибрози назар намуда, аҳаммияти тақвияти робитаҳои мустақими муассисаҳои илмии ду ҷонибро таъкид кард.
 
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои роҳандозии таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои энергетика, геология, сейсмология, ҳифзи муҳити зист, омӯзиши захираҳои табиӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳамчунин, имкониятҳои ташкили ҳамоишу конференсияҳои муштараки илмӣ, сафарҳои омӯзишии олимону муҳаққиқон, табодули таҷрибаи мутахассисон ва ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба барномаҳои байналмилалии илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
 
Таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои технологӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот мусоидат намояд.
 
Дар мулоқот ба масъалаи густариши ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ миёни Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои илмӣ, роҳандозии таҳқиқоти муштарак дар самти ҳифзи муҳити зист, омӯзиши тағйирёбии иқлим, мониторинги вазъи экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати бунёд ва мавриди истифода қарор додани озмоишгоҳи наву замонавӣ дар заминаи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд. Таъкид гардид, ки таъсиси озмоишгоҳи мазкур барои таҳкими заминаи моддию техникии Марказ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, гузаронидани ташхису таҳлилҳои муосири озмоишгоҳӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ аҳаммияти муҳим дорад.