
Санаи 21 августи соли 2025 дар бинои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сафири навтаъини фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Го Ҷитзюн бо роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ Назарзода Ҳабибулло баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкориҳоро дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, кушодани парвозҳои мустақим дар самти Душанбе – Сиан ва Душанбе – Гуанджоу инчунин, мукаммал намудани парвозҳоро дар самтҳои Душанбе – Урумчӣ ва Душанбе – Пекин баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар раванди вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҷиҳати такмил додани дараҷаи касбии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, баргузории курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ табодули таҷрибаро боз ҳам васеътар гардонанд.
Баргузории чунин вохуриҳои судманд ва зиёд намудани хатсайрҳо бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати “Фазои кушод” нақши муассир хоҳанд гузошт. Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ташаббуси Агентии авиатсияи гражданӣ аз 12 июни соли 2025 дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “Осмони кушод” ҷорӣ гардидааст. Агентии авиатсияи гражданӣ баҳри беҳтаргардонии интиқоли ҳавоӣ ва рафту омади бемамонияти шаҳрвандон дар самти кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва зиёд намудани шумораи парвозҳо боз ҳам фаъолиятро ҷоннок менамояд.
Аксҳо аз ҷараёни баргузорӣ.