Истиқболи ҳавопаймои Боинг 737-8МАХ дар парки ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр"

Истиқболи ҳавопаймои Боинг 737-8МАХ дар парки ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр"

Боиси тазаккур аст, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи кишвар рӯз аз рӯз рушд ёфта истодааст.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҳамкориро бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ИКАО ва маъмуриятҳои авиатсияи граждании кишварҳои дуру наздик дар доираи талабот ба роҳ мондааст.

Барои рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар ба парки ҳавопаймоҳои ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” боз як ҳавопаймои навъи Бойнг-737-8MAX ворид гашта, ки аввалин парвози худро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷро хоҳад намуд, дар ҳамин замина  имкониятҳои навро барои боз ҳам зиёд намудани ҷуғрофияи парвозҳо фароҳам хоҳад овард.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳавопаймои Бойнг-737-8MAX дар хатсайрҳои ҷорӣ парвозҳоро анҷом дода, зимнан дар масири Душанбе-Сеул, Душанбе-Пекин, Душанбе-Минск ва Душанбе-Лондон  хатсайрҳои навро ба нақша гирифта, инчунин дар дигар самтҳо низ парвозҳоро анҷом хоҳад дод.

Боиси хушнудист, ки дар охири моҳи августи соли равон боз як ҳавопаймои навъи Бойнг-737-8MAX ба парки ҳавопаймоҳои  ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ворид хоҳад гашт, ки дар доираи талаботҳои пешбинигардида, амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани сиёсати “Осмони кушод” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар амал татбиқ менамояд.