
Боиси зикр аст, ки маҳз бо дастгириҳои бевоситаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон, соҳаи авиатсияи гражданиикишвар марҳила ба марҳила рушд намуда, бароитавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ заминаҳои мусоид фароҳамоварда истодааст.
Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолиятидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 29 августисоли 2026, Агентии авиатсияи граждании наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ боҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» парвозимустақимро дар хатсайри Душанбе–Минск оғознамуд.
Ифтитоҳи парвози мустақим дар ин самт қадамимуҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба вагустариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҶумҳурии Беларус ба ҳисоб рафта, барои рушдимуносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва инчунин фароҳам овардани шароитимусоид барои рафтуомади шаҳрвандони ду кишварзаминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар аввали моҳиавгусти соли ҷорӣ ба парки ҳавопаймоии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ҳавопаймоимуосири навъи Boeing 737-8 MAX ворид гардид. Тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2026 вориднамудани як ҳавопаймои дигари навъи Boeing 737-8 MAX низ дар назар дошта шудааст.
Тибқи нақшаҳои рушди минбаъдаи ширкат, ҳавопаймоҳои мазкур дар баробари таъминихизматрасонӣ дар хатсайрҳои амалкунанда, бароироҳандозии парвозҳо дар як қатор самтҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла хатсайрҳои Душанбе–Сеул, Душанбе–Пекин ва Душанбе–Лондон, истифодахоҳанд шуд.
Агентии авиатсияи граждании назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати рушдисоҳаи авиатсияи гражданӣ, густариши ҳамкориҳоибайналмилалӣ ва роҳандозии хатсайрҳои нави ҳавоӣбо кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои заруриро амалӣнамуда, ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчункишвари дорои имкониятҳои васеи транзитӣ ванақлиётӣ мусоидат хоҳад кард.