
Соҳаи авиатсияи граждании кишварамон сол аз сол бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда истодааст. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо кишварҳои ҷаҳон зиёд намуда, саҳми худро дар рушди сайёҳии кишварамон мегузорад. Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ имрӯз дар толори Агентии авиатсияи гражданӣ вохурии ҳайати Агентии авиатсияи гражданӣ таҳти роҳбарии Назарзода Ҳабибулло Темур бо ҳайати сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии Карсон Релитс Рокер баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла таҳияи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико “Дар бораи алоқаи ҳавоӣ”, инчунин роҳандозии парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки айни ҳол Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико “Дар бораи алоқаи ҳавоӣ” таҳия гардида, мавриди баррасии вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мақсад аз Созишномаи мазкур вусъат додани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бо кишвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.
Ёдовар мешавем, ки санаи 5 ноябри соли 2025 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вохурии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо муовини директори Идораи федералии авиатсияи граждании ИМА Кристен Гатлин баргузор гардида буд.
Ҳамчунин, зикр кардан ба маврид аст, ки 12 июни соли 2025 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани сиёсати “Осмони кушод” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст ва ин имкон медиҳад, ки соҳаи авиатсияи граждании кишварамон рушд намуда, дар сатҳи байналмилалӣ обрӯю нуфузи худро боз ҳам зиёд намояд.
Баъд аз ба тасвиб расидани Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ, аз ҷониби кишварамон ширкати ҳавопаймоии ватанӣ “Сомон Эйр” ва аз ҷониби кишвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкати ҳавопаймоии United Airlines парвозҳо ба роҳ монда мешаванд.