Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(минбаъд-Агентӣ) дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мақоми иҷроияи марказии
ҳокимияти давлатӣ буда, оид ба амалӣ намудани пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ
ва танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва заминҳои обёришаванда,
истифода ва нигаҳдошти объектҳои хоҷагии об, таъминот, истифода ва ҳифзи об
фаъолиятро анҷом медиҳад,
Роҳбарӣ ба фаъолияти Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат
мегирад,
Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Прези
денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳоро
эътироф намудааст ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
Агентӣ фаъолияти худро оид ба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҳамкорӣ бо
дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.
Агентӣ ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти воҳидҳои таҳти тобеияташ қарордоштаро анҷом медиҳад.
5/1 Shamsi Street, Dushanbe, 734064, Republic of Tajikistan
Fax: (+992) 372 235-35-54
Phone: (+992) 372 236-04-47
E-mail: info@alri.tj