
Соли таваллуд: 5 июли соли 1975
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот: соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба академик М.С. Осимиро хатм кардааст
| Солҳо | Вазифа / Коргоҳ |
|---|---|
| 1992–1993 | Муаллими мактаби миёнаи №3, шаҳри Роғун |
| 1993–1998 | Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ |
| 1998–2000 | Мутахассиси дараҷаи II ва I, сардори шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи саноати вазнин дар Маркази стандартонӣ, метрология ва сертификатсия (Тоҷикстандарт) |
| 2000–2002 | Аспиранти Донишкадаи автомобил ва роҳи шаҳри Москва, Федератсияи Россия |
| 2000–2002 | Референт оид ба протокол ва муносибатҳои хориҷӣ дар Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ, шаҳри Москва, Россия |
| 2002–2003 | Муҳандиси пешбари шӯъбаи ҳамлу нақли омехта дар ҶСК «Спецтяжтранс», Москва, Россия |
| 2004–2005 | Коромӯзи кафедраи «Ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёт», Донишкадаи автомобил ва роҳ, Москва |
| 2005–2006 | Муовини сардори Раёсати рушди асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, Маркази миллии патенту иттилоот, ВРЭС ҶТ |
| 2006–2010 | Директори Маркази технологияҳои иттилоотии Тоҷикистону Ҳиндустон ба номи Бедил, назди ММПИ ВРЭС ҶТ |
| 04–10.2010 | Муовини директори Маркази миллии патенту иттилоот, ВРЭС ҶТ |
| 2010–2012 | Ноиби Президенти Ассосиатсияи боркашони байналмилалии автомобилии Тоҷикистон |
| 04–06.2012 | Муовини директори КВД «Тоҷикхориҷакор», Хадамоти муҳоҷират |
| 06–10.2012 | Ходими калони илмии Институти проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экология, АИ ҶТ |
| 10.2012–11.2021 | Мудири кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ |
| 11.2021–10.03.2025 | Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомобилӣ» назди Вазорати нақлиёт |
| Ҳамзамон | Дотсенти (ҳамкор) кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт», ДТТ |
| Аз 11.03.2025 то ҳозир | Муовини Раиси шаҳри Душанбе |