Меню

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 таҳти №12 дар асоси ба салоҳияту ваколати он  вогузор намудани иҷрои вазифаҳо, пешбурди сиёсат ва масоили марбут ба соҳаи энергетика, дар заминаи ҷудо намудан аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба он илова намудани иҷрои вазифа, пешбурди сиёсат ва масоили марбут ба оби собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Вазорат яке аз вазоратҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба  роҳандозӣ ва пешбурди масъалаҳои об ва энергетика, ки захираҳои муҳими стратегӣ  ба шумор мераванд,  маҳсуб мешавад.

Ба зиммаи Вазорат вогузор гардидани татбиқи сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, идоракунии раванди амалисозии ибтикори ба ин соҳа рабтдошта ва дигар вазифаҳои марбут ба самти фаъолият тибқи талаботи Созишномаи “Нексус” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 98%-и фоизи электроэнергия аз захираҳои об истеҳсол мешавад, саривақтӣ ва муҳиму муфид  арзёбӣ мегардад.

Вазорат фаъолияти худро ҷиҳати табиқи сиёсати обиву энергетикӣ, таҳия намудани стратегияҳо, барномаҳо,  нақшаҳо оид ба рушди маҷмӯи сузишворӣ – энергетикӣ  ва захираҳои об, идоракунӣ, танзим, тарҳрезӣ, рушди иқтидор, назорати давлатӣ вобаста ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалии  ҷамъиятӣ ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воҳидҳои сохтории худ, аз қабили Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи  энергетика ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ идоракунӣ ва  назоратро дар самти энергетика ва бехатарии иншооти гидротехникӣ амалӣ менамояд.

Илова бар ин, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳое, ки ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ алоқаманданд, ба салоҳияти Вазорат вогузор гардидааст.

Муҳимтар аз ҳама, Вазорат мақоми ваколатдор ва пешбар дар Муколамаи миллӣ оид ба масъалаҳои сиёсати об  дар самти истифодабарии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ ба шумор меравад.

734064, ш.Душанбе, кучаи Шамсӣ 5/1,

E-mail: info@mewr.tj

Тел: 2353566, 2360304

Факс: 2360304


Рақамҳои боварӣ вобаста ба масъалаҳои гармидиҳӣ:

Тел: 372 222 29 63, 372 227 66 27

Рақами боварии доимоамалкунанда:

Тел: 2360304

Рақами боварӣ оид ба масъалаҳои Иҷозатномадиҳӣ:

Тел: 2359851

1
Пресс центр
ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРИ МИНТАҚАВИИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРИ МИНТАҚАВИИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ПАЛАТАҲОИ ТИҶОРАТИИ АРАБИСТОНИ САУДӢМУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ПАЛАТАҲОИ ТИҶОРАТИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ
НБО “СЕБЗОР”: АГРЕГАТИ АВВАЛ МОҲИ ИЮН БА ИСТИФОДА ДОДА ХОҲАД ШУДНБО “СЕБЗОР”: АГРЕГАТИ АВВАЛ МОҲИ ИЮН БА ИСТИФОДА ДОДА ХОҲАД ШУД
АЗ ТАШАББУС ТО АМАЛ: КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲОАЗ ТАШАББУС ТО АМАЛ: КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ЛОИҲАИ «CASA-1000» ДОИР ШУДҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ЛОИҲАИ «CASA-1000» ДОИР ШУД
Направления
Энегетика
Полезные ссылки
Документы
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Тамос бо мо
Маркази матбуот
Санадҳо
Фаъолият
Дар бораи Вазорат
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал
Дар бораи Вазорат
Фаъолият
Тамос
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон