ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 Душанбе, 06.07. 2026

ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026  Душанбе, 06.07. 2026

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 фаъолияти худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва қарорҳои соҳавӣ, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, инчунин «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосии вазорат ба ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии мамлакат, ҳифз ва рушди мероси моддиву ғайримоддӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангӣ, рушди санъати касбӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ равона карда шуд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа, «Барномаи давлатии рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031» ва «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона барои солҳои 2027–2031» таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Дар ин давра Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Балҷувон» таъсис дода шуда, инчунин Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик фаъолияти худро оғоз намуд, ки ба ҳифз, омӯзиш ва рушди мероси мусиқии миллӣ равона шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 7 фестивалу озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналимилалӣ доир карда шуданд. Аз ҷумла Фестивали намоиши либосҳои миллӣ таҳти унвони «Илҳом аз Шоҳнома», ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг», Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», Фестивали «Наврӯз — мероси фарҳангӣ ва ҷаҳонгардӣ»,  Фестивал-озмуни байналмилалии шашмақомсароён, Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ва амсоли инҳо.

Ҳамзамон даврҳои якум ва дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, аз 6 245 нафар довталаби даври аввал 2 677 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаш моҳи сипаригардида дар дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои зертобеи он зиёда аз 60 конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва ҳамоишҳои илмию омавӣ бахшида ба ҷашнҳои миллию давлатӣ, санаҳои муҳими таърихӣ ва маъалаҳои гуногуни сиёсӣ-иҷтимоӣ бо иштироки олимону коршиносон ва мутахассисони соҳа баргузор шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 аҳли фарҳангу ҳунар ба 13 кишвари ҷаҳон 31 сафари ҳунарию эҷодӣ анҷом дода, дар фестивалу ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок ва фарҳанги миллиро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд, ки бо имзо шудани санадҳои нави ҳамкорӣ баҳри густариши робитаҳои фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ корҳои сохтмони Қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои Нуробод, Шаҳринав, Ховалинг ва Ҳамадонӣ, инчунин сохтмони осорхона дар ноҳияи Рашт, китобхонаи замонавӣ дар ноҳияи Қубодиён ва хобгоҳи Мактаб-интернати мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ идома доранд.

Дар ин давра  дар маҷмуъ 124 чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ доир гардида, беш аз 50 суруду оҳангҳо ва рақсҳои нав таҳия ва манзури тамошобинон гардидонида шуд.

Инчунин дар ин давра Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои сиркии «Белиссимо» (бо иштироки ҳунармандони Италия) ва сафари ҳунарии «Сирки Бузурги Байналмилалӣ»-ро таҳти роҳбарии Дан Запашний (бо ҳунармандони Россия ва Қазоқистон)-ро пешкаши тамошобинон намуда,  ҳунармандони сирки тоҷик дар Фестивали байналмилалии сиркии кӯдакону ҷавонон дар шаҳри Тошкент сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

 

Дар театрҳои касбӣ 22 асари нав, аз ҷумла намоишҳои «Тоҷгузори миллат», «Бобоҷон Ғафуров», “Робиаи Балхӣ” ва балети «Пахита» рӯйи саҳна омаданд.

Дар шашмоҳаи якум китобхонаҳои давлатӣ зиёда аз 20 252 чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор намуда, беш аз 470 ҳазор нафар шаҳрвандонро фаро гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ осорхонаҳои ҷумҳурӣ 2322 сайри осорхонавӣ ва чорабиниҳои илмӣ-фарҳангиро бо фарогирии 93485 нафар тамошобин доир намуданд.

Дар нимсолаи аввали соли  2026 муассисаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар умум 36 734  чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ аз қабили конфронси илмӣ-амалӣ, композитсияҳои адабӣ-мусиқӣ, намоишҳои китобӣ, барномаҳои театрикунонидашуда ва консертиро доир намуданд.

 Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра 79 номгӯй китоб бо теъдоди умумии 61 ҳазору 50 нусха ба маблағи зиёда аз 1,85 миллион сомонӣ ба табъ расониданд.

Дар нимсолаи якум  28 чорабинӣ марбут ба намоиш-фурӯш ва муаррифии китоб (21 намоиш-фурӯш ва 7 муаррифии китоб) дар бинои вазорат, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Норак, Ваҳдат, ноҳияи Нуробод ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар бо иштироки доираи васеи алоқамандону дӯстдорони китоб баргузор гардид.

 

Тибқи Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017,  №97 “Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ”  (ба ҳолати 25 июни соли 2026) дар 3 соли охир  200 рӯзнома, аз инҳо 130 давлатӣ ва 70 мустақил, 199 маҷалла,  аз инҳо 163 давлатӣ ва 36 мустақил, 100 матбаа,  аз инҳо 24 давлатӣ, 76 мустақил, 20 нуқтаи фурӯши китоб, аз ин 1 давлатӣ, 19 мустақил, 13 нашриёт, аз ин 5 давлатӣ ва 8 мустақил, 6 агентии  иттиллоотӣ,  аз ин  1 давлатӣ  ва  5 мустақил  дар вазорат баҳисоб гирифта шудааст.

Бо мақсади таҳкими корҳои тарғиботию маърифатӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии аҳолӣ, дар доираи барномаи «Деҳа ба деҳа» дар тамоми минтақаҳои кишвар 3293 чорабинии фарҳангӣ ва вохӯриҳои тарғиботӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ, маҳфилҳои маърифатӣ ва намоишҳои китобӣ таҳти унвони «Аз Паём то Паём» дар тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуданд.

Натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 нишон медиҳанд, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати фарҳангии давлат, рушди инфрасохтори соҳа, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди санъату эҷод, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Вазорат минбаъд низ фаъолияти худро барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод.

 

Тел: +992 (372) 21 53 70;

Email: v.farhang@mail.ru;

Вебсайт: https://egov.tj/site/farhang-tjk

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати фарҳанг дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

https://www.facebook.com/vfarhangtj

https://www.instagram.com/vfarhangtj

https://www.tiktok.com/@v.farhang.tjk