Меню

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   

  Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд 

Тибқи моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи:

-соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат мебошад.

Мақомоти прокуратура тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсияро дар мақомоти мазкур муайян намуда, онҳоро дар амал татбиқ менамояд.

Ба зиммаи прокуратура иҷрои вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда нашудаанд, гузошта намешавад.

Тибқи моддаи 5 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура аз инҳо иборатанд:

-назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд;

-назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки дар сархати якуми қисми якуми моддаи мазкур зикр шудаанд;

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин мақомоте, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд;

-ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ;

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад;

-назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонун муқаррар намудааст, аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро ва дигар мақомоти ваколатдор;

-тафтишоти ҷиноятҳо;

-таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он, ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

-иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо;

-эътироз, шикоят ва ариза овардан нисбати фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд.

Прокуратура мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ метавонад дар дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурорӣ зарур аст, фаъолият намояд.

Тибқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” низоми мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокуратураҳои ба он баробаркардашуда ташкил медиҳанд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маркази илмию таълимӣ мебошад.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои поёнӣ ҳуқуқи идоракунии оперативии объектҳои таъиноти иҷтимоӣ-маишӣ ва хоҷагидориро доранд.

Сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Таъсиси мақомоти прокуратура, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти прокуратура аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, вазъи ҳуқуқӣ ва салоҳияти онҳоро Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад

 

Суроға: 734043 шаҳри Душанбе, кӯчаи А Сино 126

Тамос: (992 37) 250-43-57

Шуъбаи умумӣ: (+992 37) 236-71-40

Факс: 2352441

Почтаи электронӣ: internet.qabulgoh@prokuratura.tj

 

1
Пресс центр
Оғози ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои МустақилОғози ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
25 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи 6-уми прокурорҳои генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.25 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи 6-уми прокурорҳои генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.
Мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи АмрикоМулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣҶаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ
ХАБАРИ МАТБУОТӢХАБАРИ МАТБУОТӢ
Направления
Таъқиби ҷиноятӣ аз номи давлат
Намояндагии манфиатҳои давлат дар суд
Рамзҳои давлатӣ
Алоқа бо Ҷомеа
Назорати умумӣ
Назорати прокурорӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқу тафтишот
Полезные ссылки
Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ дар андоз, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон
Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ дар мақомоти давлатӣ
Раёсати корҳо
Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиет ва гумрук
Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура
Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим
Раёсати назорати умумӣ
Раёсати назорати қонунияти санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳои амнияти миллӣ
Документы
Конвенсия бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ, ғайриинсонӣ е таҳқиромез ва ҷазо
2024-11-21T10:59:00Z
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ
2024-11-21T10:53:00Z
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2025-02-25T15:17:00Z
Вакансии
Календарь событий
2024-12-05
Ифтитоҳи бинои прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Услуги
Слайды
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Страницы
Дар бораи Прокуратура
Фаъолият
Қонунгузорӣ
Маркази матбуот
Тамос бо мо
Конститутсия
Рамзҳои давлатӣ
Алоқа бо Ҷомеа
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон