Меню

Институти ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

         Сохтори муассиса (соли таъсисёбӣ, мақсад ва вазифаҳои муассиса; шумораи озмоишгоҳ, шуъба ва ғайра; шумораи умумии кормандон (чанд нафар доимӣ ва шартномавӣ), аз он ҷумла чанд нафар ходими илмӣ ва дорои дараҷаи илмӣ (чанд нафар доимӣ ва шартномавӣ))

          Муассисаи давлатии илмии Институти ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (минбаъд – Институт) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №500 аз 27 сентябри соли 2025 таъсис дода шудааст.

Мақсад ва вазифаҳои асосии Институт:

• таҳия ва пешниҳоди барномаҳои давлатии ҳифзи растаниҳо;
• муайян ва арзёбии организмҳои махсусан хавфнок барои зироатҳо;
• коркард ва татбиқи усулҳои муосири илмӣ-техникии ҳифзи растаниҳо;
• такмили низоми илман асосноки мубориза бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳо;
• таҳия ва пешниҳод намудани меъёрҳои нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи пестисидҳо;
• гузаронидани санҷишҳои истеҳсолӣ ва иштирок дар бақайдгирии давлатии пестисидҳо;
• татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ;
• расонидани ёрии методӣ ва машваратӣ оид ба чорабиниҳои фитосанитарӣ;
• рушди ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
• омода намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва курсҳои такмили ихтисос;
• нашри натиҷаҳои тадқиқот ва маводҳои илмӣ-методӣ.

Институт барои пешбурди тадқиқотҳои илмӣ, таҳияи тавсияҳои амалии истеҳсолӣ ва татбиқи дастовардҳои муосири илмӣ-техникӣ дар соҳаи ҳифзи растаниҳо масъул буда, метавонад тибқи оиннома бахшҳои илмию истеҳсолии иловагӣ таъсис диҳад ва барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурии корӣ фароҳам оварад.

Дар ҳайати сохтории муассиса 4 шуъбаи илмӣ, 1 озмоишгоҳ ва воҳидҳои хизматрасон фаъолият менамоянд, аз ҷумла:

  1. Шуъбаи мубориза бо ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ;

  2. Шуъбаи мубориза бо ҳашаротҳои зараррасони боғу ток ва сабзавот;

  3. Шуъбаи фитопатологӣ;

  4. Озмоишгоҳи муборизаи биологӣ;

  5. Муҳосибот, мутахассисон ва кормандони техникӣ.

Шуъбаҳо ва озмоишгоҳи мазкур бевосита ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ машғул буда, воҳидҳои муҳосибот ва кормандони техникӣ фаъолияти муназзами ташкилӣ, молиявӣ ва техникӣ-хизматрасонии муассисаро таъмин менамоянд.

Маълумоти кадрӣ дар муассиса ба ҳолати 03.03.2026

Ба ҳолати 03 марти соли 2026 дар муассиса ҳамагӣ 25 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 16 нафар кормандони доимӣ ва 9 нафар кормандони шартномавӣ мебошанд. Ҳамаи кормандони зикршуда бевосита ба иҷрои корҳои илмию истеҳсолӣ машғул мебошанд.

Аз шумораи умумии кормандони илмӣ:

• 1 нафар – ходими пешбари илмӣ (х.п.и.);
• 5 нафар – ходими калони илмӣ (х.к.и.);
• 3 нафар – ходими илмӣ (х.и.);
• 2 нафар – ходими хурди илмӣ фаъолият доранд.

Аз ҷумлаи кормандони илмӣ 2 нафар дорои дараҷаи илмии доктори илм ва 4 нафар дорои дараҷаи илмии номзади илм мебошанд.

Ҳайати кадрии муассиса дорои таҷрибаи кофии илмӣ ва тахассусии соҳавӣ буда, барои иҷрои вазифаҳои тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ имкониятҳои заруриро фароҳам меорад.

1
Пресс центр
Семинари илмӣ–амалии минтақавӣ оид ба ҳимояи интегратсионии ҷуворимакка баргузор гардидСеминари илмӣ–амалии минтақавӣ оид ба ҳимояи интегратсионии ҷуворимакка баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои олимони Институти ҳифзи растаниҳо баргузор гардидҶаласаи навбатии Шурои олимони Институти ҳифзи растаниҳо баргузор гардид
Сафари кории олимони Институти ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор ва ШаҳринавСафари кории олимони Институти ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав
Боздид аз кишти ҷуворимакка дар ҶДММ ба номи Л. Муродов, шаҳри ҲисорБоздид аз кишти ҷуворимакка дар ҶДММ ба номи Л. Муродов, шаҳри Ҳисор
Ҳифзи растаниҳо – заминаи ҳосили фаровон ва амнияти озуқаворӣҲифзи растаниҳо – заминаи ҳосили фаровон ва амнияти озуқаворӣ
Направления
Полезные ссылки
Документы
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Санадҳо
Дар бораи институт
Фаъолият
Маркази матбуот
Тамос бо мо
Нома ба мақомот
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал
Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ
Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ
Институти тибби ветеренарии АИКТ