
Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ дар асоси Амри Шўрои Вазирони ИҶШС аз 2–октябри соли 1984, №1948 ва дар асоси қарорҳои КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шўрои вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 18-декабри 1984 №353, таъсис гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №215, аз 2-майи соли 2008 бо таҳти унвони Муассисаи давлатии илмии «Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон» ва дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №215, аз 2-майи соли 2008 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №487, аз 31 августи соли 2020 бо таҳти унвони Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии кишоварзӣ номгузорӣ шуда, шомили Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.
Институт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати илмию техникии давлатӣ» №597, аз 21 майи соли 1998 амал менамояд ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дорои мувозинаи мустақил, муҳр, суратҳисоб мебошад.
Институт бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025, №03/22 аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, дар таърихи 18.03.2025 рақами бақайдгирӣ 1902 соҳиби Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ таҳти силсилаи Т-АД №0002768 гардид.
Вазифаҳои Институт аз инҳо иборатанд:
- таҳқиқи муаммоҳои гуногуншаклии моликият ва хоҷагидорӣ дар бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор карда баромадани тавсияҳо оид ба танзими давлатии муносибатҳои бозорӣ дар комплекси агросаноатии кишвар;
- кор карда баромадан ва асоснок намудани меъёр ва ояндабинии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ;
- баҳодиҳии иқтисодии нерўи захираҳои замин ва дар ин асос кор карда баромадани пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас;
- иҷроиши корҳо дар асоси шартнома бо хоҷагиҳо;
- таҳқиқи сохтори демографӣ ва касбӣ – тахассуси аҳолии деҳот, равандҳои муҳоҷират дар низоми муносибатҳои шаҳру деҳот дар шароити бозор;
- дида баромадани мавзуъҳои илмию таҳқиқотии ба итмом расида ва барои ҷорӣ намудан дар истеҳсолот тавсияшуда, муайян намудани самаранокии онҳо;
- тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура ва саъйкунӣ, баландбардории дараҷаи касбияти кормандони илмӣ.
Суроға: н.Сино кучаи Ҳаёти нав 306
Тамос: 236-37-67
Почтаи электронӣ: iesh.tashn@mail.ru