
ИНСТИТУТИ МАСОИЛИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА БИОТЕХНОЛОГИЯ -АИКТ
Таърихи таъсисёбӣ. Сараввал Институт ҳамчун филиали Институти умумииттифоқии илмию тадқиқотии оқсили Вазорати кишоварзии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ соли 1971 ташкил шуда буд. Аз 21 феврали соли 1992 муассиса ба ҳайати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дохил гардида, Институти Осиёи Миёнагии оқсил номгузорӣ карда шуд.
Институт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 215 Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ», бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2014, №57 Институти масоили амнияти биологӣ ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, № 487 Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология номгузорӣ гардид.
Сохтори Институт ва ҳайати кормандон.
Дар сохтори Институт 5 озмоишгоҳ:
-Маркази захираҳои миллии микроорганизмҳои касалиовар,
-Бахши ғизои микробиологӣ ва ҷонвархона,
-Шӯъбаи биотехнология ва истеҳсоли ветеринари шуъбаи амнияти биологӣ ва беҳдошт,
-Шӯъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ,
-Шӯъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ фаъолият менамоянд.
Барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ дар Институт 72 нафар кормандон, аз ҷумла 36 нафар ходимони илмӣ: 5 нафар докторони илмҳои ветеринарӣ ва биологӣ, як нафар академики АИКТ (3 нафар ҳамчун ҳамкор), 12 нафар номзади илмҳои ветеринарию биологӣ (2 нафар ҳамчун ҳамкор) сафарбар шудаанд.
Суроға: ш. Душанбе, Гипрозем 61, 734067
Тамос: (+992 37)884 -24 -79
Қабулгоҳ: (+992) 931-97-14-48
Почта: email:baytor@mail.ru