
Санаи 4 августи соли 2025 дар бинои IT PARK Dushanbe нишасти матбуотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” таъсис ёфтааст.
Дар ин раванд ҷиҳати боз ҳам вусъат додан ва таъмини раванди гузариши сареъ аз усули кори анъанавӣ ба рақамӣ зимни ироаи паём аз ҷониби Асорсгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуданд.
Заминаи танзимотӣ бо назардошти мушаххас намудани санадҳои соҳавӣ дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2024 дар доираи гурӯҳи кории салоҳиятдор ташаккул, мукаммал ва таҷдид карда шуда истодаанд.
Ба ҳолати имрӯза 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 қонун ва 27 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба самти фаъолияти Агентӣ мансубият доранд, қабул гардидаанд.
Бо қабул гардидани тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, талаботи интихоби лоиҳаи озмоишӣ аз лиҳози мансубият ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мушаххас карда шуд.
Боис ба зикр аст, ки доираи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ роҳандозӣ гардида, тавассути он низомҳои муосири тасдиқи шахсият, имзо ва пардохт мавриди амал қарор дода мешаванд.
Феълан, бо мақсади пешниҳоди рақамии хизматрасониҳои давлатӣ низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ таҳия гардида, дар заминаи он аз ҷониби Агентӣ портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ – «khizmat.ehukumat.tj» ҷорӣ гардид.
Дар назди Агентӣ ҷиҳати соддаву осон кардани пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ фаъолияти Маркази хизматрасонии давлатӣ ташкил карда мешавад, ки дар ин самт корҳои таъмирию сохтмонӣ ба анҷом расид.
Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи аввал 20 намуди хизматрасониҳои давлатии тариқи мустақим (онлайн) ё дар шакли рақамӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон дар назар аст, ки то охири соли ҳисоботӣ ин шумора ба беш аз 50 адад расонида шуда, аз ҷониби мақомот, ташкилоти давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ онҳо минбаъд аз тариқи портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ мегарданд.
Дар ин раванд бо ҷалби барномасозони ватанӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои минтақа Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ҷорӣ карда шуда, барои ҳамгироии пурра амалӣ намудани мукотиботи электронӣ дар сатҳи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ низоми мазкур дар 100 мақомоти далватӣ насб карда шуд, ки айни замон аз ин шумора 60 мақомоти давлатӣ фаъолияти худро тибқи талаботи нимзоми мазкур пурра ба роҳ мондаанд.
Интернет портали ягонаи давлатӣ - «eHukumat.tj» ҳамчун инфрасохтори ягонаи шабакавии иттилоотию коммуникатсионӣ барои пешниҳоди дастрасӣ ба иттилоот ва паҳнкунии он муайян шуда, сомонаҳои 45 мақомоти давлатӣ ба он пайваст карда шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати муосиргардонии раванди рақамӣ низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ «Пули Ҳушманд» роҳандозӣ гардидааст.
Тавассути низоми мазкур, мақомоти хизматрасон ба «Пули Ҳушманд (Smart Bridge)» пайваст шуда, ҳангоми фаъолият маълумот ба таври мустақим ва ё тавассути нусхабардорӣ аз махзанҳои дахлдори чунин мақомот ба махзанҳои таъминкунандаи раванди хизматрасонӣ интиқол дода мешавад.
Ба ҳолати кунунӣ дар натиҷаи корбарӣ ба низом 9 вазорату идораҳои кишвар, аз ҷумла вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, нақлиёт, тандурустӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Бонки миллӣ, Раёсати бозрасии автомобилӣ пайват гардидаанд.
Ҷиҳати ҷорӣ намудани «Биниши Рақамӣ» (цифровое зрение) бо Хадамоти гумрук ҳамкорӣ роҳандозӣ гардида, дар марҳилаи аввал, дар 56 дидбонгоҳи гумрукӣ ва 14 нуқтаҳои гумрукӣ насби сабткунандаи лидарӣ (видеокамера) пешбинӣ гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ Низоми рақамии нафақа аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷорӣ гардид. Низоми мазкур имконият медиҳад, ки ҳамгироии дигар вазорату идораҳоро ҷиҳати минбаъд ба таври автоматӣ муайян ва муқаррар кардани нафақа ва ё пешгирии ҳолатҳои пардохти нафақа берун аз таъинот фароҳам меоварад. Айни замон низом дар 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар пурра мавриди амал қарор дода шудааст.
Дар ин давра тибқи тартиби муқарраргардида дар назди Агентӣ Муассисаи давлатии «Ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд, ки он фаъолият дар соҳаи таъмини амнияти киберии низомҳои иттилоотӣ, махзанҳои коркарди маълумот ва назорати ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн намудан ва ҳимояи барномавии ҳифзи маълумотро (бо истиснои маълумотҳои дорои сири давлатӣ) дар низомҳои иттилоотӣ ва махзанҳои коркарди маълумот амалӣ менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд. Дар назар аст, ки дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ Донишгоҳи номбурда барои омода намудани кадрҳои болаёқати соҳа мусоидат хоҳад кард.
Бо мақсади баланд бардоштани зарфияти кадрии соҳа масъулини Агентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дахлдор, аз ҷумла намояндагии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) дар шаҳри Душанбе, ки дар он факултет оид ба ҳимояи киберӣ ифтитоҳ ёфтааст, бо донишҷӯён ва олимони ҷавони ихтисосҳои марбута суҳбату вохӯриҳо мунтазам анҷом медиҳанд.
Ҷиҳати рушди иқтидори инноватсионӣ, тавсеаи ҳамкориҳо бо сармоягузорон ва густариши робитаҳои илмӣ Агентӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ иштирок намуда, бо намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони дигари рушди кишвар мунтазам вохӯриҳои судманд баргузор менамояд.
Бояд қайд намуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабули Қатъномаи СММ оид ба зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2024 аз минбари Ассамблеяи Генералии СММ ироа гардида буд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи корбарӣ бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Муғулистон 6 санади ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба имзо расонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти назорати фаъолияти Паркҳои технологӣ муайян карда шудааст.
Бо ҳадафи рушди соҳаи технологияи иттилоотӣ ва дастгирии соҳибкории рақамӣ, санаи 7 апрели соли 2025, расман нахустин IT-Park – ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» ба фаъолият шуруъ кард.
IT-Park-и мазкур ба стартапҳо ва ширкатҳои IT имкон медиҳад, ки онҳо дар муҳити рақамии муосир рақобатпазир бошанд ва маҳсулоти рақамии навини худро ба доираи васеъ пешниҳод намоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ 26 ширкатҳои ватанӣ мақоми резиденти IT Park гирифта, тибқи нақша то охири соли тақвимӣ шумораи резидентҳои он ба 100 адад расонида мешавад.
Тибқи қонунгузории кишвар резидентҳои IT Park аз имтиёзҳои махсуси андозиву гумрукӣ бархурдор мебошанд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои соҳавӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ чораҳои муассир меандешад.