Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор рамзи расмии Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия 2025-2030-ро муаррифӣ менамояд.
Ин рамз на танҳо унсури ҳувияти визуалӣ, балки рамзи қавии иродаи кишвари мо дар роҳи бунёди экосистемаи пуриқтидори рақамӣ ва тақвияти инноватсияҳо буда, пешрафти технологиро ба манфиати ҳар як шаҳрванди кишвар фароҳам меоварад. Тарҳи рамз афзалиятҳои асосии моро инъикос менамояд: пайвастагӣ, рушд ва ҳамгироии технологияҳои пешрафта ба тамоми соҳаҳои иқтисод дар саросари кишвар.
Ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ, ки масъули татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ мебошад, мо ин рамзро ҳамчун нишони ягона ва муттаҳидсозандаи тамоми ташаббусҳо дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия 2025-2030 арзёбӣ менамоем.
Ин рамз, аз ҷумла, вазифаҳои зеринро иҷро хоҳад кард:
Бо ифтихор аз дастовардҳои рақамии худ, мо кӯшиш менамоем талошҳои муштаракро дар самти бунёди иқтисоди инноватсионӣ ва донишбунёд тақвият бахшем. Рамзи мазкур дар тамоми чорабиниҳо, муошират ва пойгоҳҳои расмӣ, ки бо Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия 2025-2030 вобастагӣ доранд, истифода шуда, симои ягона ва шинохташавандаи ҳадафҳои умумии моро таъмин хоҳад кард.
Мо ҳамаи шарикон, навоварон ва шаҳрвандонро даъват менамоем, ки ин рамзро дастгирӣ намуда, дар бунёди ояндае саҳм гузоранд, ки дар он технологияҳо ба рушди устувор, таҳкими иқтисод ва беҳтар гардидани сифати зиндагии ҳар як шаҳрванд мусоидат намоянд.
🚀 Tajikistan launches the official logo for the Years of Digital Economy & Innovation 2025–2030 — a symbol of progress, unity & tech-driven growth! 🌐✨https://t.co/Eb1NsGvfgH pic.twitter.com/CDoJvGK7xY
— Digital Tajikistan (@digital_gov_tj) August 18, 2025