Сеул, Ҷумҳурии Корея – 10 ноябри соли 2025
Бо мақсади таҳкими ояндаи рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Мирзо – директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ҷаноби Ҳонг Сокҳва – муовини президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Дар меҳвари музокирот яке аз ташаббусҳои муҳим ва тағйирбахши фазои рақамии Тоҷикистон — лоиҳаи сохтмони маҷмааи “IT Hub Dushanbe” қарор дошт.
Ин лоиҳа, ки ҳамчун як тарҳи муҳташами миллӣ дар маркази пойтахт татбиқ хоҳад шуд, ба сифати муҳаррики асосии экосистемаи инноватсионии кишвар фаъолият намуда, барои ширкатҳои технологӣ, стартапҳо ва соҳибкорон инфрасохтори муосир ва муҳити мусоиди фаъолиятро фароҳам хоҳад овард. Лоиҳа рушди иқтисоди рақамӣ, ташаккули навоварии ҷавонон ва рушди устувори рақамиро дар саросари кишвар тақвият хоҳад дод.
Ҷонибҳо барои татбиқи ин ташаббус ба мувофиқа расиданд. Лоиҳа иродаи муштараки ҳар ду ҷонибро дар самти таҳкими ҳамкориҳои технологӣ ва пешбурди рушди фарогир тавассути навоварӣ инъикос менамояд.
Ин марҳилаи аввалини амалӣ гардидани консепсияи таъсиси “IT Hub Dushanbe” ба шумор меравад. Зимни мулоқот директор Хуршед Мирзо таъкид намуданд:
«Ташкили Маркази IT Hub Dushanbe пояи асосии экосистемаи инноватсионии Тоҷикистон хоҳад шуд — маконе, ки истеъдодҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ ҷамъ меоянд, ғояҳо ба воқеият табдил меёбанд ва пешрафти рақамӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад».
Маркази “IT Hub Dushanbe” на танҳо як лоиҳаи инфрасохторӣ, балки рамзи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави гузариш ба низоми рақамӣ хоҳад буд — марҳилае, ки ба таҳкими фарҳанги рушди стартапҳо, соҳибкорӣ ва муосирсозии устувори иқтисод равона хоҳад гардид.