Дар кишвар мактаби технологияҳои рақамӣ бо тарҳ ва усулҳои муосир таъсис меёбад

Дар кишвар мактаби технологияҳои рақамӣ бо тарҳ ва усулҳои муосир таъсис меёбад

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сберобразование мактаби технологияҳои рақамии «Школа 21» таъсис дода мешавад.

Дар мактаби мазкур шаҳрвандони аз 18-сола боло метавонанд ба таври ройгон касбҳои муосири соҳаи технологияҳои иттилоотиро омӯзанд ва дар оянда ҳамчун муҳандисони рақамӣ фаъолият намоянд.

Мактаб дар бинои маркази тиҷоратии Хадамоти алоқа, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 57-и шаҳри Душанбе ҷойгир буда, барои 200 ҷойи таҳсил пешбинӣ шудааст. Таҳсил ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, иштирокчиён метавонанд дар вақти барояшон мувофиқ омӯзиш гиранд. Барномаи таълимӣ тавассути платформаи рақамии байналмилалӣ амалӣ гардида, муҳтавои он мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат пайваста такмил дода мешавад.

Давраи асосии таҳсил вобаста ба самт ва суръати омӯзиш аз 9 моҳ то 2 сол идома меёбад. Дар мактаб усули муосири «ҳамсол ба ҳамсол» истифода мешавад, ки дар доираи он донишҷӯён таҷриба ва донишҳои худро мубодила намуда, лоиҳаҳои инфиродӣ ва гурӯҳиро амалӣ менамоянд.

Дар маҷмӯъ, барои омӯзиши технологияҳои рақамӣ 20 самти таълим пешниҳод мегардад.