Apple Pay расман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид

Apple Pay расман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид
28 июли соли 2026 дар IT Park Dushanbe бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон маросими расмии роҳандозии хизматрасонии Apple Pay дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар чорабинӣ намояндагони ширкати Apple Inc., мақомоти давлатӣ, бахши бонкӣ, низомҳои байналмилалии пардохт ва ширкатҳои технологӣ иштирок намуданд.
 
Дар маросим нахустин амалиёти расмии пардохт тавассути Apple Pay дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Амалиётро намояндаи ширкати Apple Inc. оид ба робита бо мақомоти давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар Осиёи Марказӣ ва Арманистон анҷом дода, он дар шабакаи супермаркетҳои ЁВАР ҳамчун аввалин нуқтаи савдои қабулкунандаи Apple Pay дар кишвар амалӣ гардид.
 
Дар марҳилаи аввал хизматрасонӣ тавассути Alif Bank ва Humo Bank пешниҳод гардида, муштариёни онҳо метавонанд кортҳои бонкии мувофиқро ба Apple Wallet пайваст намуда, тавассути iPhone, Apple Watch ва дигар дастгоҳҳои дастгиришавандаи Apple пардохтҳои бехатар ва ғайритамосӣ анҷом диҳанд.
 
Роҳандозии Apple Pay дастоварди муҳим дар татбиқи сиёсати рақамикунонии кишвар буда, барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон ба экосистемаи ҷаҳонии технологияҳои рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.