Имрӯз бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 октябри соли 2025, №657 "Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия даври ноҳиявии озмуни мазкур бо иштироки зиёда аз 250 нафар ғолибони даври аввал дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 - и ноҳия ташкил ва баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Озмунро муовини Раиси ноҳия, сарпарасти соҳа Манижабону Аминзода ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бори дигар ба низомномаи озмун шинос намуд. Инчунин, аъзои ҳакамонро муаррифи намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба ҳар як иштирокчии озмун шаффоф баҳогузори намуда, беҳтаринҳоро ба даври шаҳрии озмун пешниҳод намоянд.
Мавриди зикр аст, ки озмунро шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ аз соҳаи санъату ҳунар ва шоирону нависандагон баҳогузорӣ намуданд.