Санаи 10-уми декабри соли равон бо ташаббуси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ "Оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ" дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо омӯзгорон ва донишҷӯён мулоқоту вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар мулоқоти мазкур Манижабону Аминзода - муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раиси Комиссияи; Назруллозода Озарҷони Шералӣ - вакил аз ҳавзаи интихоботии №2, Бобозода Шариф Қаноатшо - вакил аз ҳавзаи интихоботии №6; Баҳорзода Сироҷиддин - мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур иштирок ва суханрони намуданд.
Аз ҷониби баромадкунандагон вобаста ба баланд бардоштани рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонону наврасон, инчунин равона кардани таваҷҷӯҳи бештар ба илмомӯзию донишандӯзии ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд.