Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон менамояд:
1. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушди инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2023, №207 «Оид ба тасдиқи намунаи Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд», таъсис дода шудааст.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:
- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;
- коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионӣ, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро тақвият бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
3. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун бо суроғаи дар поён овардашуда аз санаи 13 феврали то санаи 13 майи соли 2026, соати 17:00 сурат мегирад.
4. Довталабони озмун ҳуқуқи иштирокро то синни 35 доранд.
5. Нишондиҳандаҳои корҳои пешниҳоднамудаи довталабони ҷоиза дар соҳаи илм ва техника тибқи бандҳои 7, 8, 9 ва 10 Низомномаи ҷоиза (замима мегардад) қабул карда мешаванд.
6. Ҳамаи аснод дар бандҳои 7, 8, 9 ва 10 Низомномаи ҷоиза бояд ба таври расмӣ тасдиқ шуда бошанд.
7. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавон аз доираи Низомномаи ҷоиза тавассути суроғаи зерин дастрас намуд:
шаҳри Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3;
телефон барои тамос (+37) 2211964, 2211967, 987757870 ва 988008064