Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 29 августи соли 1930 таъсис ёфтааст. Масоҳати ноҳия 68,2 км²-ро ташкил дода, ба ҳолати 1 январи соли 2020 шумораи аҳолии он 175 949 нафарро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ ба ҳар 1 км² 258 нафар рост меояд.
Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорати ҳаво дар фасли тобистон то +48 дараҷа гарм ва дар фасли зимистон то –10 дараҷа хунук мешавад.
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ноҳияҳои Ёвон ва Хуросон, инчунин бо шаҳри Левакант ҳамсарҳад мебошад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 82 км ва то шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон — 35 км-ро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия 1 ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия 18 корхонаи саноатӣ, 8 ташкилоти сохтмонӣ, 3 муассисаи нақлиётӣ, ҷамъияти «Тоҷикматлубот», 1 корхонаи коммуналӣ, 6 хоҷагии ёрирасон, 3 хоҷагии коллективӣ, 252 кооперативи тиҷоратӣ ва зиёда аз 2702 хоҷагии деҳқонӣ (инфиродӣ) мавҷуд мебошанд.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 41 560 нафар хонанда дар 64 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо зиёда аз 2 014 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд.
Дар 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (кӯдакистон) 578 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Хизматрасонии тиббиро дар ноҳия 139 нафар табибони соҳибтаҷриба ва 571 нафар мутахассисони миёнаи соҳаи тиб таъмин менамоянд.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳраки А.Ҷомӣ кучаи Сомониён - 17
Тамос:
Почтаи электронӣ: