Меню

Исполнительный орган государсвенной власти района Абдурахмана Джами

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 29 августи соли 1930 таъсис ёфтааст. Масоҳати ноҳия 68,2 км²-ро ташкил дода, ба ҳолати 1 январи соли 2020 шумораи аҳолии он 175 949 нафарро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ ба ҳар 1 км² 258 нафар рост меояд.

Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорати ҳаво дар фасли тобистон то +48 дараҷа гарм ва дар фасли зимистон то –10 дараҷа хунук мешавад.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ноҳияҳои Ёвон ва Хуросон, инчунин бо шаҳри Левакант ҳамсарҳад мебошад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 82 км ва то шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон — 35 км-ро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 1 ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия 18 корхонаи саноатӣ, 8 ташкилоти сохтмонӣ, 3 муассисаи нақлиётӣ, ҷамъияти «Тоҷикматлубот», 1 корхонаи коммуналӣ, 6 хоҷагии ёрирасон, 3 хоҷагии коллективӣ, 252 кооперативи тиҷоратӣ ва зиёда аз 2702 хоҷагии деҳқонӣ (инфиродӣ) мавҷуд мебошанд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 41 560 нафар хонанда дар 64 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо зиёда аз 2 014 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд.

Дар 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (кӯдакистон) 578 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Хизматрасонии тиббиро дар ноҳия 139 нафар табибони соҳибтаҷриба ва 571 нафар мутахассисони миёнаи соҳаи тиб таъмин менамоянд.

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳраки А.Ҷомӣ кучаи Сомониён - 17 

Тамос: 

Почтаи электронӣ:

1
Пресс центр
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
А. ҶОМӢ : ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БУНЁДИ МУҶАССАМАИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ОҒОЗ МЕГАРДАДА. ҶОМӢ : ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БУНЁДИ МУҶАССАМАИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ОҒОЗ МЕГАРДАД
А. ҶОМӢ; ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД.А. ҶОМӢ; ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД.
ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД БО ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН АЗ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОНОҒОЗИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД БО ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН АЗ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
ҶОМӢ: ДИДАН НАМУДАН АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ТОМАКТАБӢҶОМӢ: ДИДАН НАМУДАН АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ТОМАКТАБӢ
Направления
Полезные ссылки
Документы
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
2026-04-09T15:42:00Z
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
О органе
Деятельность
Пресс-Центр
Контакты
Документы
Письмо в органы власти
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал