ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА
8. Ба Кумита раис роҳбарӣ менамояд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
9. Раиси Кумита ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. Муовинон дар назди раис ҳисоботдиҳанда мебошанд ва ӯ назорати фаъолияти хизматии онҳоро амалӣ менамояд.
10. Ваколатҳои раиси Кумита:
- роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро таъмин намуда, кори онро ташкил менамояд;
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад;
- доираи ваколатҳои муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро муайян менамояд;
- аз номи Кумита баромад намуда, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар масъалаҳои ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандон, гузаронидани аттестатсия, озмун, ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ, такмил ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар ва муовинони роҳбари ташкилотҳои низоми Кумитаро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд ва барои таъин ва озод намудани роҳбарони корхонаҳои фаръии низоми Кумита розигии хаттӣ медиҳад;
- шурои илмию техникиро дар Кумита таъсис ва ҳайати онро тасдиқ менамояд;
- рӯйхати маълумоти дорои сирри давлатиро муайян менамояд;
- фонди музди меҳнат, басти воҳидҳои корӣ, сметаи ягонаи даромад ва хароҷот, оинномаҳо, низомномаҳо ва нақшаҳои кории воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Кумитаро тасдиқ менамояд, инчунин ҳисоботи онҳоро мешунавад;
- доир ба нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии воҳиди кормандон ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- комиссияҳои муваққатӣ ва доимоамалкунандаро таъсис медиҳад ва тартиби фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;
- ҷаласаҳои истеҳсолӣ ва назоратиро ташкил медиҳад;
- тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии кормандони Кумита ва ташкилотҳои тобеи онро ташкил менамояд;
- масъалаҳои хизмати давлатиро дар Кумита баррасӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита ва сохторҳои онро барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ пешниҳод менамояд;
- кормандонро ҳавасманд менамояд, инчунин ба онҳо ҷазои интизомӣ медиҳад;
- фармоишҳо, қарорҳо, дастурамалҳо, тавсияҳои методӣ қабул намуда, иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил намуда, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳоро дар муҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом медиҳад ва ба муроҷиаткунандагон ирсол намудани ҷавобҳоро таъмин менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ҳадди ақал ва тартиби ҷуброни хароҷотро ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба иҷрои корҳои васлу танзим ва сохтмонӣ, ба курсҳои такмили ихтисос, инчунин корҳои дорои хусусияти сайёр ва сафарҳои хизматӣ, корҳои саҳроӣ ва корҳои доимӣ дар маҳалро муқаррар месозад;
- фармоишу супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони Кумита ва ташкилотҳои низоми Кумита ҳатмӣ мебошад;
- бо хизматчиёни давлатӣ ва гражданӣ (ҳайати хизматрасон ва техникӣ) тибқи тартиби муқаррарнамуда шартномаҳо (қарордодҳо)-и меҳнатӣ мебандад, ба онҳо тағйирот медарорад ва онҳоро бекор мекунад;
- нақшаҳои кор барои ҳар нимсола ва нишондиҳандаҳои фаъолияти сохторҳои нақшаи идоракунии Кумита ва ҳисоботи иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;
- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ менамояд.
11. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита мувофиқи самти асосии фаъолияти худ аз раёсат, шуъба ва бахшҳо иборат мебошанд.
12. Дар Кумита ҳайати мушовара дар ҳайати раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовини якум ва муовини раис, инчунин аз ҳисоби кормандони дигари роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита таъсис дода мешавад.
13. Аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои шахсоне, ки ба он аз рӯйи мансаб дохил мешаванд, бо пешниҳоди раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз ҳайати мушовара хориҷ карда мешаванд.
14. Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара масъалаҳои фаъолияти кории воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита баррасӣ мегарданд.
15. Ҷаласаи ҳайати мушовара ҳангоми иштирок доштани аксарияти аъзои он гузаронида мешавад.
16. Қарорҳои ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо қабул гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд.
17. Кумита дар доираи ваколатҳои худ фармоиш қабул менамояд. Ҳангоми набудани раис, ваколатҳои ӯ ба муовини якуми раис вогузор карда мешаванд. Дар сурати набудани муовини якуми раис, ваколатҳои ӯ ба муовини раис вогузор карда мешаванд.
18. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва манбаъҳои маблағгузории дигар мувофиқи тартиби муқарраргардида тавассути суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
19. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, рамз, бланк ва штамп мебошад.
20. Кумита дорои молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, тавозуни мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартнома бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ё ҷавобгар баромад намояд.
21. Маҳалли ҷойгиршавии Кумита - шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, 56.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2024, № 436
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати назорати таъмини оби ошомиданӣ
Шуъбаи рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналӣ
Шуъбаи молия, иқтисод ва баҳисобгирии муҳосиби
Шуъбаи кадрҳо, ҳуқуқ ва корҳои махсус
Бахши рақамикунонӣ, таъминоти низоми биллингӣ ва робита бо ҷомеа
Бахши муносибатҳои байналмилалӣ
Бахши котибот, коргузорӣ ва назорат
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2024, № 436
Суроға: ш. Душанбе, кучаи Н. Карабоев 56
Тамос: +992(37)233-49-83
Почтаи электронӣ: info@khmk.tj