КҲФ: Бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ 6–7 майи 2026

КҲФ: Бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ  6–7 майи 2026
  • ноҳияи Панҷ — Кормандони мақомоти давлатӣ ва сокинон бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ ва 1 мотопомпа роҳҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншоотҳои ёрирасон ва 1 манзили истиқоматиро аз лойқа ва шағал тоза намуданд.
    • Хадамоти тиббии ноҳияи Панҷ ва шахсони саховатпеша ба 28 хоҷагии зарардида маводи озуқаворӣ расониданд.
  • ноҳияи Ёвон — Дар корҳои бартарафсозӣ кормандони идораҳои давлатӣ ва аҳолӣ дар шумораи 350 нафар бо истифода аз 45 техникаву механизмҳо иштирок намуданд.
    • Каналҳои магистралӣ ва роҳҳои маҳаллӣ ба масофаи 3 км ва 40 иншооти ёрирасон аз лойқа ва шағал тоза гардиданд.
  • шаҳри Кӯлоб — Амалиёти васеи барқарорсозӣ бо иштироки як қатор сохторҳои давлатӣ идома дорад.
    • Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон — 688 нафар ҳайати шахсӣ бо 52 техника 3660 метр роҳ, 185 метр обрав ва 70 манзили истиқоматиро тоза карданд.
    • Гурӯҳи фаврии КДАМ-и минтақаи Кӯлоб — 20 нафар бо техникаҳои боркаш ва мехлопата 4 манзили истиқоматиро тоза намуданд.
    • ИДБЗО-и минтақаи Кӯлоб — 27 нафар бо экскаватор ва автомашинаҳои боркаш селпартовҳои Девонасой ва Чаманзор, инчунин каналҳои Бештигирмон, Суғдиён ва В.Шамсовро аз лойқа ва шағал тоза карданд.
    • КФД-и истеҳсолию истифодабарии манзил — 46 нафар маҳаллаҳои 13-ум, Н.Ҳувайдуллоев ва И.Сомониро аз 215 м³ партов тоза намуданд.
    • МНДРА-и шаҳри Кӯлоб — бо техникаҳои муҳандисӣ ва 200 рейс автомашинаҳои боркаш сангу шағал интиқол доданд.
    • Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш — 46 нафар 7 манзили истиқоматиро тоза карданд.
    • Раёсати КҲФ дар шаҳри Бохтар ва минтақаи Кӯлоб — 20 нафар наҷотдиҳанда бо 3 техникаи махсус, 10 помпаи обкашӣ ва 8 хайма 7 хона ва 1 корхонаро аз лойқа тоза намуданд.
    • Сарбозони қисми ҳарбии 45085-и КҲФ — 47 нафар дар фаровардани кӯмакҳои башардӯстона ва тоза намудани 9 хона иштирок карданд.
    • Шуъбаи тандурустии вилояти Хатлон — 99 корманди тиббӣ ба 480 нафар сокинон ёрии тиббӣ расониданд.
    • Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ — 68 400 м² роҳу кӯча ва 161 манзили истиқоматиро безарар гардонданд.
    • Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 240 хоҷагии зарардида кӯмакҳои башардӯстона расонид.
  • ноҳияи Деваштич — 31 нафар сокинон бо истифода аз 2 техника роҳи байни деҳаҳои Дашти Хишекат, Даҳқат ва Росровутро ба масофаи 120 метр тоза карданд.
  • шаҳри Панҷакент — Бо ҷалби техникаҳои муҳандисии ҶДММ “Зарафшон”, ҶДММ “Броатек”, техникаҳои МНДРА ва 110 нафар сокинон селроҳа ба масофаи 2200 метр ва манзилҳои истиқоматӣ тоза гардиданд.