КҲФ: ВМКБ: Дар ноҳияи Ишкошим заминларза ба қайд гирифта шуд

КҲФ: ВМКБ: Дар ноҳияи Ишкошим заминларза ба қайд гирифта шуд

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 18 майи соли 2026, соати 13:49 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 282 километр ҷанубу шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 138 километр ҷанубу ғарбӣ аз шаҳри Хоруғ ва 92 километр ҷанубу ғарбӣ аз ноҳияи Ишкошим, дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл ва дар ноҳияи Ишкошим 2-3 баллро ташкил дод.
Дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.