Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
аз 31 марти соли 2022 №149 ш. Душанбе
Дар бораи "Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026"
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1. Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026 тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
2. Амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он дар доираи маблағҳои буҷти давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда шавад.
3. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ амалисозии самараноки Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии онро таъмин карда, доир ба иҷрои онҳо ҳар сол то 15 январ ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараѐни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон