Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои АИКТ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2003 таҳти № 515 таъсис дода шудааст. Тибқи оиннома мақсади асоии Марказ – нигоҳ доштан ва ривоҷ бахшидан ба фонди миллии ирсии ҳайвонотҳои кишоварзӣ бо роҳи мукаммал гардонидан ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмии биотехнологияи муосир ташкил карда шудааст.
Бинобар, ин нигоҳ доштан ва захира намудани нутфаи чорвои зоти ва намуди гуногунӣ нодир ва аз байн рафтаистода, ки дорои қобилияти баланди маҳсулнокӣ ва ирсӣ мебошанд, яке аз омилҳои аввалиндараҷаи зоотехникӣ буда барои дар оянда ба даст овардани насли дилхоҳ ва зоту типҳои чорвои ба шароити ҳозиразамон ҷавобгӯ, дорои қобилияти баланди ирсӣ, ба насл гузаронидани хусусиятҳои худ ва баланд бардоштани нишондодҳои маҳсулнокии пода шароит фароҳам меорад.
Вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошад:
- гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба хушзот намудани чорвои аҳолӣ;
- ях кунонидани нутфаи чорвои зотҳои гуногун ва захира намудани он дар захирагоҳои Марказ;
- такмили усул ва корҳои селексионию зотпарварӣ, беҳтар намудани сифати таркибии зоти чорво;
- таҳияи тарзу усулҳои бозтавлидии чорво (таҷдиди пода), наслгирӣ ва биотехнология, санҷиш ва коркарди маводу воситаҳои биологию кимиёвӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва насловарии чорво;
- омўзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илми ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати истифодаи онҳо дар рушди истеҳсолоти чорводорӣ;
- тайёр намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба рушди чорводорӣ дар ҷумҳурӣ, тавсияҳои илман асоснок доир ба ноҳиябанди намудани намуд ва зотҳои чорво, самарабахш истифода бурдани фондҳои ирсии чорво (чорвои хушзот, нутфа );
- тайёр намудан ва пешниҳод кардани хулосаву тавсияҳои илмӣ-техникии хотимаёфта; иштирок дар тартибдиҳии нақшаҳо барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудан; ҷамъбаст ва тавсиядиҳӣ барои ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами ватанӣ, инчунин таҷрибаи хориҷӣ; ба мутахассисони хоҷагиҳо ва бахшҳои кишоварзӣ расонидани ёрии зарурии илмию методӣ.