ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ"

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"ДАР БОРАИ АВФ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 июни соли 2026 № 2257

 қабул карда шуд.

 

Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро қабул менамояд.

 

Моддаи 1

Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои табиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озоди алоқаманднабуда, маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:

1) занон;

2) ноболигон;

3) мардони аз синни 55 боло

4) маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан мансуб донисташуда;

5) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки тибқи қонунгузорӣ сафарбар шудаанд, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барки атомии «Чернобил» ва бартарафсозии оқибатҳои он зарар дидаанд:

қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"
Дата публикации
22 июня 2026