
САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ ГРОДНОИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС БО МАҚСАДИ БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ДИВЕРСИФИКАТСИЯИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
https://www.facebook.com/share/p/1YQzKryKau/
Мувофиқи фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа" Раҷабов Ҷ. А., ва Сармутахассиси Агентӣ Давлатов У.У., дар самти ҳамкорӣ ва ба имзо расонидани Шартномаҳо миёни Агентӣ ва корфармоёни вилояти Гроднои Ҷумҳурии Беларус сафар намуданд.
Зимни сафар бо намояндагони Ҳукумати вилояти Гродно вохӯрӣ гузаронида, масъалаҳои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳо гуногун аз ҷумла: сохтмон, хоҷагии қишлоқ, насоҷӣ, истеҳсолот, саноати вазнин, хизматрасонӣ ва нақлиёт бо зиёда аз 10 ширкатҳо гуфтушунид ва шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуд аз ҷумла:
Мувофиқи гуфтушунид музди маош аз 750 то 1200 доллари ИМА бо таъмини ҷои хоб, қисман хурока, сару либоси корӣ аз ҷониби корфармо муайян гардид.
Талаботи корфармо донистани забони русӣ, надоштани доғи судӣ ва вазъи хуби саломатӣ мебошад.
Инчунин бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубошти шаҳрвандон дар ҶСК "Автобусный парк г. Гродно", ки дар асоси ҳамкориҳои агентӣ шаҳрвандон фаъолияти меҳнатиашонро амалӣ менамоянд вохурӣ гузаронида шуд.
Хизматрасониҳо ба шаҳрвандон пурра аз ҷониби Агентӣ ройгон амалӣ карда мешавад.