Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ анҷом медиҳад.
Вазорат фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муайяншуда ва ташкилотҳои системаи худро ҳамоҳанг менамояд.
Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорҳ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ба роҳ мемонад.