Ташкил, сохтор, вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ
Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ дар асоси қарори протоколи ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2015, №9 (бандҳои 3 ва 4), қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон №1 аз 27 июли соли 2015 ва фармони АИКТ №82 аз 5 августи соли 2015, дар заминаи шуъбаи механиконӣ ва устохонаи механикии Институти зироаткории АИКТ таъсис дода шудааст .
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №342 аз 08.07.2017 Марказ ба номи «Маркази илмии механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ» иваз карда шуд. Дар натиҷаи таҷдиди сохтори АИКТ, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №487 аз 31.12.2020 номи ҳозираи он — «Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ» қабул гардид.
Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Оинномаи муассиса ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамо мегирад.
Марказ ба ҳайати ташкилотҳои АИКТ шомил буда, фаъолияти худро дар ҳамоҳангӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва дигар идораҳои дахлдор ба роҳ мемонад.
Сохтори Марказ
Дар сохтори Марказ чор шуъбаи илмӣ фаъолият менамоянд:
- шуъбаи механиконӣ;
- шуъбаи системаҳои мошинҳо, иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ;
- шуъбаи ташхиси техникӣ, истифода ва таъмири мошинҳо;
- шуъбаи лоиҳакашӣ, илм, таълим ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ.
Ҳамзамон, бахши муҳосибот, шуъбаи кадрҳо ва дигар хизматчиён фаъолият мекунанд.
Дар Марказ 26 нафар кормандон, аз ҷумла 12 нафар кормандони илмӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо:
- 1 нафар доктори илмҳои техникӣ
- 3 нафар номзадҳои илмҳои техникӣ мебошанд
Вазифаҳои асосӣ
- фароҳам овардани замина барои рушди базаи техникии истеҳсолоти кишоварзӣ;
- истифодаи самараноки иқтидори илмӣ, захираҳои меҳнатӣ ва молиявӣ;
- таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва техникаи кишоварзӣ;
- тайёр ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисос тавассути аспирантура, магистратура ва докторантура (PhD).
Самтҳои фаъолияти Марказ
- татбиқи қарорҳо ва фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли техникаи кишоварзӣ;
- таҳияи барномаҳои соҳавии мошинсозии кишоварзӣ;
- гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ;
- таҳия ва ҷорӣ намудани технология ва мошинолоти нав;
- ба роҳ мондани истеҳсол ва фурӯши техникаи кишоварзӣ;
- расонидани хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳо;
- таҳияи барномаҳои илмӣ ва таълимӣ.
Ҳамкориҳо
Марказ бо як қатор вазоратҳо ҳамкорӣ менамояд:
- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии обии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амалисозии стратегияҳо
Марказ дар амалисозии барномаҳо ва стратегияҳои зерин саҳм мегузорад:
- Стратегияи илм, технология ва инноватсия (2021–2030)
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030
- Барномаи рушди механиконии кишоварзӣ (2025–2029)
- Барномаи кабудизоркунӣ то соли 2040
- Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ (2025–2029)
Чорабиниҳо (2026)
- Рӯзи саҳро (10.04.2026)
- Семинари илмӣ-амалӣ (15.04.2026)
Суроға
ш. Ҳисор, шаҳраки Шарора, кӯчаи Домуллоҷонов 3
Телефон: 918-69-69-20, 931-16-41-72
Суроға: 735022, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Ҳисор, шаҳраки Шарора, к. Дӯстӣ 7
Тамос: +992 900-41-28-01 , +992 918-69-69-20 , +992 988-08-08-68
Почтаи электронӣ: mmkti@mail.ru