Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
—мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи нақлиёт мебошад, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, нақлиёти роҳи оҳан, худрав ва хоҷагии роҳҳо ба анҷом мерасонад. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад. Яке аз вазифаҳои асосии вазорат, ин таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо мебошад, ки он барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷо иқтисодиёт ба интиқол ва хидматрасониҳои нақлиётӣ равона гардидааст.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 734042,
ш. Душанбе, кӯчаи Айни, 14
Факс: (+992 37) 221-20-03
Қабулгоҳи вазир