Меню
Страницы

Праздник Навруз в джамоате посёлка Вахдат был отмечен с особым размахом.

Праздник Навруз в джамоате посёлка Вахдат был отмечен с особым размахом.
Санаи 22-уми марти соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат, маҳаллаи Ҳамдилон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 дар фазои тантанавӣ Наврӯз – иди баҳору эҳёи табиат бо шаҳомати беназир таҷлил гардид. Сокинони деҳоти атроф бо либосҳои идонаи миллӣ, чеҳраҳои хандон ва рӯҳияи баланд ба макони ҷашнгоҳ ҷамъ омаданд.
Дар гӯшаҳои ҷашнгоҳ намоиши дастранҷи ҳунармандони маҳаллӣ ташкил карда шуда буд. Аз ҷумла, дастархони идонаи «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» оро дода шуда, суманак низ ба намоиш гузошта шуда буд. Ҳамчунин, пухту пази гуногуни занону духтарони ҳудуди ҷамоат, ки бе мислу лаззиз буданд, баҳои баланд гирифт. Дар як гўшаи дигари ҷашнгоҳ маҳсулоти чӯбтарошӣ ва заргарии устоҳои ҷамоат диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Аъзам Мирзоев суханронӣ намуда, сокинони Ҷамоати шаҳраки Ваҳдатро аз номи раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз сидқану самимона табрик намуданд.
Дар рафти чорабинии тантанавӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардид. Миёни ҷавонону хўрдсолон гўштингирӣ сурат гирифт, ки хеле ҷолибу касбӣ буд. Инчунин тухмзанӣ, дастхобонӣ ва дави миллӣ баргузор гардида, миёни ҷљавонону наврасон рақобати солимро ба миён овард.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавии Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат ҳунармандони маҳаллӣ ва хонандагони болаёқат рақсу сурудхонии ҷолиберо иҷро намуданд, ки ҳамагонро шоду мафтун сохт. Зеро ҳунару малакае, ки онҳо нишон доданд пур аз маънӣ ва фарҳанги омезишёфтаи тоҷикону қирғизонро таҷассум мекард. Ҳунармандону хонандагони болаёқати МТМУ №21-и Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат аз ҷониби намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Аъзам Мирзоев баҳои баланд гирифтанд.
Социальные медиа
Меню подвал
О Комитете
Деятельность
Документы
Пресс-Центр
Контакты
Письмо в органы власти