
Муассисаи давлатии “Осорхонаи
миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, № 1094 таъсис ёфтааст. Масоҳати он 24000 м2–ро ташкил медиҳад, ки 15 000 м2 он барои экспозитсия пешбинӣ шудааст. Осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар Осорхонаи миллӣ барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: шуъбаи табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарин, шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.
Суроға: ш.Душанбе И.Сомонӣ 11