1. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита)
мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ,
иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо,
ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.
2. Кумита фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
3. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва
байналмилалӣ анҷом медиҳад.
4. Кумита шахси ҳукуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
сабти номи худ бо забони давлатӣ, муҳру, штампҳо ва бланкҳои намунаи муқарраргардида, бланкҳои
нишондор, инчунин суратҳисоби дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда
мебошад.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21;
Почтаи электронӣ: b.umumikbo@mail.ru