Меню
Страницы

Соглашения были ратифицированы.

Соглашения были ратифицированы.
10.04.2025. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия Созишномаҳои қарзӣ, грантӣ, қолабӣ ва агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди обёрӣ дар ноҳияи Панҷ», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният,  Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он, Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ, меҳнат ва некуаҳволӣ ва Агентии миллии полиси Япония дар бораи асосҳои ҳамкории иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми «коргари соҳибтахассуси махсус», Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба сафарбар намудан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба мубодилаи қувваи корӣ дар бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардида Созишномаҳо ба тасвиб расонида шуданд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Мачлиси намояндагон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Муовини якуми Раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, Муовини якуми прокурори генералии Ҷумхурии Тоҷикистон Умед Каримзода, Муовини вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумхурии Тоҷикистон Ҷамшед Шодихон,  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Насрулло Махмудзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Нигина Шарипова, Барно Саидвализода, Сарвиноз Маҷидзода, Қиёмиддин Давлатзода, Шуҳрат Ғанизода, Миршакар Ҷалолзода муаррифӣ намуданд.
Социальные медиа
Меню подвал
Маджлиси Намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
О Парламенте
Президент Республики Таджикистан
Маджлиси милли Маджлиса Оли Республики Таджикистан
Национальный центр законодательства при Президенте РТ
О Стуктура