Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавӣ оид ба иқтисодиёти давравӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд

Вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Муколамаи дуюми минтақавӣ оид ба иқтисодиёти давравӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд


         Ҳайати вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -    раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода,  муовини раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Саидзода Фирдавс ва узви ҳамин Кумита Ҳасанзода Насрулло  дар  Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ  оид ба иқтисодиёти давравӣ ва истеъмолу истеҳсоли устувор, ки аз ҷониби барномаи SWITCH-Asia Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии муҳити зисти Осиёи Марказӣ (CAREC)  дар шаҳри Алматои  Қазоқистон баргузор гардида истодааст, иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Дар Муколама вакилони парламентҳо, намояндагони вазоратҳо, доираҳои тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҷамъ омаданд.

     Дар  ин ҳамоиш  намояндагони Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Тоҷиксемент» низ иштирок карданд, ки   ташаббуси кишварро дар рушди ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати тарғиби иқтисодиёти сабз ва давравӣ баён менамояд.

    Ҳадафи асосии Муколама таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иштироки парламентӣ дар пешбурди принсипҳои иқтисодиёти давравӣ ҳамчун воситаи калидии рушди устувор мебошад.

    Зимни суханронӣ Амирзода Ориф   қайд кард, ки гузариш ба иқтисодиёти давравӣ на танҳо ташаббуси экологӣ, балки самти нави иқтисодӣ буда, имкониятҳоро барои навоварӣ, шуғли аҳолӣ ва рушди устувор фароҳам меорад.   Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар кишвар Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2035 ва Барномаи рушди миёнамуҳлати солҳои 2026–2030 таҳия шуда истодааст, ки унсурҳои иқтисодиёти давравӣ — истеҳсолу истеъмоли устувор, бозистифодабарии захираҳо ва рушди технологияҳои “сабз”-ро дар бар мегиранд.

    Дар рафти мулоқот вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешрафтҳои миллӣ дар самти иқтисодиёти давравиро баррасӣ намуда, мубодилаи таҷрибаи   қонунгузориро зарур шумориданд.