
Санаи 4-уми январи соли 2026 вохурии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода бо Раиси Маҷлиси аш - Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами таҳким ва густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки робитаҳои дўстона ва бародаронаи ду кишвар дар заминаи эҳтироми мутақобила ва муштарак рушд меёбанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба сатҳи баланди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ишора намуда, нақши парламентҳоро дар таҳкими ин раванд муҳим арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти қонунгузорӣ, табодули таҷриба байни парламентҳо, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва рушди робитаҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд таъкид намуда, чунин мулоқотҳоро омили муҳим дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ карданд.