Дар иҷлосия ба як чанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд

Дар иҷлосия ба як чанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд

   Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид. 

   Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои моддии давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият барои аз вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобоҷонзода Миҷгона Бобоҷон» ва Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият барои ба вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Муқимӣ Нигора Аминзода»  мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи  масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

   Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Шамсулло, муовини  раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Шуҳрат,  директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Хуршед, раиси Комиссияи экологӣ, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амирзода Ориф, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бобоиён Мадина, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Собирзода Ғафурҷон, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Холбойзода Неъматулло, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Каримзода Фарҳод, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Муродуллозода Дилноза ва  узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Наботзода Сиёвуш  шарҳу тавзеҳ намуданд.