Мулоқоти маҷозӣ доир шуд

Мулоқоти маҷозӣ доир шуд

    14.05.26 Имрӯз ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Парчами давлатии Туркманистон мулоқоти маҷозӣ доир шуд, ки дар он раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Камолзода Илҳом  ва роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистон бо Туркманистон Азиззода Ғайрат иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Зикр шуд, ки Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Парчами давлатии Туркманистон аз санаҳои муҳим маҳсуб ёфта, рамзи истиқлолият, соҳибихтиёрии давлатӣ ва ваҳдати миллии Туркманистон мебошанд. Дар шароити муосир робитаи конститутсияҳо бо рӯзномаи байналмилалии рушд, пеш аз ҳама бо Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030, аҳаммияти хос пайдо мекунад. Ин ҳадафҳо аз байн бурдани камбизоатӣ, таъмини тандурустӣ, таҳсилоти босифат, рушди иқтисодӣ ва коҳиши нобаробариро дар бар мегиранд.

    Дар мисоли кишварҳои ИДМ равшан мушоҳида мешавад, ки маҳз конститутсия ҳамчун абзори муҳимми ҳуқуқии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баромад мекунад.  

    Дар конститутсияҳои кишварҳои ИДМ модели давлати иҷтимоӣ таҳким ёфтааст. Дар ҳамаи ин кишварҳо давлат уҳдадор мешавад, ки дастгирии иҷтимоӣ, меъёрҳои ҳадди ақали зиндагӣ, нафақа ва кӯмакпулиҳоро таъмин намояд.

    Таҷрибаи Тоҷикистон, инчунин, аҳаммияти иштироки парламентро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор нишон медиҳад. Парламенти ҷумҳурӣ санадҳои қонунгузориро қабул менамояд, ки ба рушди маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва сиёсати ҷавонон равона шудаанд, инчунин дар ташаккули заминаи ҳуқуқии стратегияҳои миллии рушд то соли 2030 иштирок мекунад.

    Дар шароити муосир сиёсати давлатии ҷумҳурӣ ба дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии аҳолӣ равона шудааст.