
Имрӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Гулзода Маҳмадшоҳ бо Кордори муваққати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Николай Колодкин мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ бо таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон, ба рӯзномаи иҷлосияи 33-юми солонаи Ассамблеяи Парлумонии САҲА, ки рӯзҳои 4–8 июли соли 2026 дар шаҳри Гаагаи Шоҳигарии Нидерланд баргузор мегардад, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.