Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Баъд аз интихоби Котиботи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон, гурӯҳи назорати низоми электронии овоздиҳӣ ва муайян намудани тартиби инъикоси рафти ҷаласаҳои иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум тибқи бандҳои дахлдори Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд, ки дар он Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротиву воридотии давлатии Австрия оид ба лоиҳаи таҷдиди «Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Қувайтии рушди иқтисодиёти Араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо», Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО Роғун, марҳилаи II», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҳкими шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб» дар робита ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон», Созишнома оид ба пешниҳоди маблағгузории муътадилгардонӣ дар шакли қарз байни Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар бораи шартҳои будубоши Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси қатъ кардани амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ», Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои киберӣ: тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муайяни бо истифода аз низоми иттилоотию коммуникатсионӣ содиршаванда ва дар мубодилаи далелҳои шакли электронии марбут ба ҷиноятҳои вазнин, Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002, Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002, Созишнома дар бораи таъсис ва мавриди амал қарор додани махзани маълумоти Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) оид ба қочоқ ва қонунвайронкуниҳои гумрукӣ, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара майнинг» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди сурма, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРИСТАЛЛ ГРИН ГЛАСС» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ, Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба мубодилаи маълумот ҳангоми амалисозии иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ байни онҳо ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо, Созишнома дар бораи истифодаи муштараки маҷмааи таҷрибавӣ дар заминаи токамаки маводшиносии Қазоқистон, Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои интиқоли манбаъҳои радиоактивӣ, Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта аз 26 июни соли 1992 баррасӣ шуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландар Идибек, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Умед, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон, раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Ашурзода Ғиёсиддин, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло, раиси Комиссияи экологӣ, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амирзода Ориф, муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Набизода Тоҳир, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҷидзода Сарвиноз, муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Саидзода Фирдавс, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Исҳоқӣ Ҳусния, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Сафарбекзода Ҳукмиддин, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Шарифзода Нигина, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Собирзода Ғафурҷон, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷалолзода Миршакар, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Давлатзода Қиёмиддин, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Наботзода Сиёвуш, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва комуникатсия Саидӣ Дилафрӯз, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва комуникатсия Каримзода Фарҳод, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Ҳакимзода Ҳомидҷон, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Солизода Наима, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ҳасанзода Насрулло ва узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ниёзӣ Нуралӣ шарҳу тавзеҳ доданд.