Меню

Маркази илмии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

 

         Дар  асоси Фармони Президиуми Академияии илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2003, № 1 «Ба мақсади баланд бардоштани таъминоти илмии соҳаи кишоварзӣ, самаранокии истифодаи замин, захираҳои  табиӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ВМКБ»  Пойгоҳи илмии таҷрибавии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъсис дода шуд.  Пойгоҳи илмии таҷрибавии кишоварзии Помир фаъолияти кориро дар асоси Оинномаи Президиуми Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки аз 19 апрели соли 2003  тасдиқ шудааст,ба роҳ монда, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 215 «Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи АИКТ» дар тобеияти бевоситаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дорад.  Дар заминаи Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир ва Филиали Институти масоили амнияти биологӣ  дар ВМКБ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 31 августи соли 2020, №487 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008,№215 Маркази илмии кишоварзии Помир (МИКП) таъсис ёфта, тобеи  бевоситаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  мебошад.  Маркази илмии кишоварзии Помир  дар доираи Оиннома, ки аз 1 сентябри соли 2020 аз тарафи Президенти АИКТ Асозода Н.М. тасдиқ гардидааст ва ҳамзамон Шаҳодатнома дар бораи ба қайдгирии давлатии таъсисёбии Муассисаи “Маркази илмии кишоварзии Помир” (рақами ягонаи мушаххас 7010004595, санаи судур 06.10.2020 дар  нозироти андози ш.Хоруғ аз қайди баҳисобгирӣ  гузаронида шудааст, фаъолият менамояд. ( нусхаи  Фармони Призидуми АИКТ аз 2 январи соли 2003, №1,   Қарорҳои ҲҶТ аз 2 майи соли 2008, №215, аз 31 августи соли 2020,№487, Оинномаи Марказ 1 сентябри соли 2020, Оинномаи Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир аз 20.07.2009, Оинномаи Пойгоҳи илмии –таҷрибавии кишоварзии Помир аз 19.04.2003 , Иқтибос аз  Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, Шаҳодатнома №70/002905 дар бораи гузаштани рақами мушаххаси андозсупоранда ) замима мегарданд.

Дар Маркази илмии  кишоварзии Помир  айни ҳол  5  шуъба  -  шуъбаи селексия,технология, тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ ва тадбиқи дастовардҳои илмӣ;  шуъбаи селексияи дарахтони мевадиҳанда, картошка, сабзавот ва тадбиқи дастовардҳои илмӣ; шуъбаи чорводорӣ, чарогоҳ ва тадбиқи дастовардҳои илмӣ ; шуъбаи ташхис ва пешгирии касалиҳои ҳайвонот ва шуъбаи хоҷагидорӣ  фаъолият менамоянд. Дар  иҷрои корҳои илмӣ- тадқиқотӣ 15  нафар ходимони  илмӣ (2 доктори илм ( ҳамкор ).   4  нафар номзади илм) ва 8 нафар корманди техникӣ   кор карда истодаанд.  Ҳамзамон  7 нафар унвонҷў   ва 1 нафар докторант  корҳои диссертатсиониро   пеш бурда истодаанд.

    Маркази илмии кишоварзии Помир оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣд ар ВМКБ, дар самтҳои селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ (картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ, мевапарварӣ, зироатҳои ғалладонагиҳою лубиёдонагиҳо, зироатҳои хўроки чорво), технологияи коркард ва парвариши  ин зироатҳо, доир ба чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо зараррасонҳо ва касалиҳо дар соҳаи растанипарварӣ, инчунин селексия ва технологияи чорводорӣ, аз ҷумла дар бахши қутоспарварӣ, ташхис ва пешгирии касалиҳои чорво  таҳқиқотҳоро ба нақша гирифта, амалӣ мегардонад. 

    Маркази илмии кишоварзии Помир фаъолияташро дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомали Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва “Барномаи рушди АИКТ дар солҳои 2021-2025”  ба роҳ монда, маҳаки асосии илмии самти кишоварзии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон маҳсуб меёбад ва дар асоси Оиннома корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш мебарад.

1
Пресс центр
 ШАРАФ БА ВАҲДАТЕ, КИ ХУД КАФОЛАТИ ҲАСТИИ ВУҶУДИ МОСТ ШАРАФ БА ВАҲДАТЕ, КИ ХУД КАФОЛАТИ ҲАСТИИ ВУҶУДИ МОСТ
Таҳлили бемориҳои сироятии ҳайвонот дар ноҳяи Мурғоб.Таҳлили бемориҳои сироятии ҳайвонот дар ноҳяи Мурғоб.
Мизи мудаввар дар ноҳияи Рошткалъаи ВМКБМизи мудаввар дар ноҳияи Рошткалъаи ВМКБ
Рушди замбурпарварӣ дар ВМКБРушди замбурпарварӣ дар ВМКБ
Коркарди технологияи парвариши навъҳои интихобшудаи  картошка, зироатҳои сабзавотӣ, ғалладонагию лӯбиёӣ ва мевадиҳанда вобаста ба баландии маҳал ва истифодаи намудҳои гуногуни нуриҳоКоркарди технологияи парвариши навъҳои интихобшудаи  картошка, зироатҳои сабзавотӣ, ғалладонагию лӯбиёӣ ва мевадиҳанда вобаста ба баландии маҳал ва истифодаи намудҳои гуногуни нуриҳо
Направления
Полезные ссылки
Документы
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Дар бораи марказ
Фаъолият
Санадҳо
Маркази Матбуот
Нома ба мақомот
Тамос бо мо
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал