
Соли таваллуд: 12 апрели соли 1993
Ҷои таваллуд: н. Балҷувон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: Олӣ
Соли 2015 Донишгоҳи Технологии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм намудааст.
Ихтисос: менеҷменти молиявӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не? не
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не? не
Вазъи оилавӣ: оиладор
Суроға: шаҳри Душанбе, н.Сино
Солҳои 2012-2015 Муҳосиби лоиҳаҳои Ташкилоти Ҷамъиятии «Субҳи тандурустӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017 Мутахассиси шуъбаи сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Раёсати буҷети давлатии Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе
Солҳои 2017-2021 Сармутахассиси шуъбаи сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Раёсати буҷети давлатии Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе
Солҳои 2021-2025 Сардори шуъбаи банақшагирии даромадҳо ва пардохтҳои давлатии сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Аз моҳи декабри соли 2025 дар мансаби сардори Раёсати молиявию баҳисобгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор мекунад.