Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 октябри соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Гертнер ва ҳайати он вобаста ба рафти татбиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки дар натиҷаи вохӯриҳои сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори идоракунандаи ХБА хонум Кристалина Георгиева муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланд баромаданд.

 Ҳамзамон қайд гардид, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ, бахусус турбуланси иқтисоди глобалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсии иқтисоди ҷаҳон ва низоъҳои тиҷоратӣ дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии кишвар, қабули қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаву стратегияҳо суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,2 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми он то 117,8 млрд. сомонӣ афзоиш ёфт.

Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2025 ва 2026 мутаносибан 8,2 фоиз ва 8,5 фоиз пешбинӣ шудааст.

Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. аз намояндагони ХБА ҷиҳати дастгирӣ оид ба зиёд кардани қарзҳои имтиёзноки берунӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ даъват ба амал овард.

Дар навбати худ Мэтю Гертнер ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистон дар солҳои охир ва нуҳ моҳи соли 2025 баҳои сазовор дода, ҷиҳати ҳамкории минбаъда омодагии ХБА-ро иброз дошт.

Дар робита ба ин Завқизода З. А. ба он ҷониб барои то 7,5 фоиз бозбинӣ намудани дурнамои рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2025 изҳори сипос намуда, қайд кард, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд «Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад».

Дар охир ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.