Тоҷикистон дар қатори ТОР 3 кишвари ислоҳотгари соҳаи савдо

Тоҷикистон дар қатори ТОР 3 кишвари ислоҳотгари соҳаи савдо

Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) дар асоси нишондиҳандаҳои мусоидат ба савдо, ки ҳамчун воситаи баҳодиҳии татбиқи тадбирҳои рушди содирот низ арзёбӣ мегардад, тибқи нашри навбатӣ дар соли 2025 бо назардошти андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтаршавии муҳити мусоиди савдо Тоҷикистонро ба қатори 3 кишвари пешсафи ислоҳотгар дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2022-2024 эътироф намуд.

OECD ҷойгир намудани Тоҷикистонро ба қатори 3 кишвари пешсафи ислоҳотгар дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар самти беҳтаршавии муҳити мусоиди савдо бо назардошти амалӣ гардидани тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои густариши шаффофияти рақамӣ, коҳиши монеаҳои коғазии расмиёти тиҷорат, сатҳи пайвастшавӣ ба инфрасохтори минтақавӣ, мутобиқат ва устуворӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ намудааст.

Аз ҷумла дар самти густариши шаффофияти рақамӣ OECD масъалаи такмили маълумоти Портали савдои Тоҷикистонро нисбат ба вазъи соли 2022 назаррасу муваффақ қайд намуда, нақши портали мазкурро барои содироткунандагон ҷиҳати омӯзиш ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ абзори муҳим шуморидааст.

Дар таҳлили OECD коҳиши монеаҳои коғазии расмиёти тиҷорат дар давраи солҳои 2022-2024 дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоби миёна 3,1 фоиз арзёбӣ гардида, оид ба ин нишондиҳанда дастоварди Тоҷикистон дар сатҳи беш аз 12 фоиз баҳогузорӣ шудааст, ки натиҷаи назаррас барои бартараф намудани монеаҳои наздисарҳадӣ ва расмиёти зиёдатии маъмурӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти мутобиқат ва устуворӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби кишвар татбиқи тадбирҳои категорияи «С»-и Созишномаи содагардонии расмиёти савдо (ислоҳотҳо, ки кӯмаки техникиро талаб мекунанд бо назардошти мӯҳлати харитаи роҳ то соли 2040)-ро барои бартараф намудани фарқияти байни қонунгузорӣ ва амалияи онҳо таъкид намудааст.

Доир ба ин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ қайд намуданд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир гардиши савдои хориҷӣ бо 128 кишвари дунё густариш ёфт ва ислоҳоти Тоҷикистон дар самти муҳити мусоиди савдо аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) баланд арзёбӣ гардиданд.