Меню

Агентство по ценным бумагам и специальной регистрации Министерства финансов

Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №588 «Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун воҳиди сохтории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Аз рӯзи таъсисёбӣ Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзим ва назорати бозори коғазҳои қиматнок фаъолият намуда, сиёсати давлатии рушди ин соҳаро амалӣ менамояд. Фаъолияти Агентӣ ба рушди бозори сармоя, таъмини шаффофияти фаъолияти иштирокчиёни бозор, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорон ва саҳмдорон, бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматнок, инчунин назорати фаъолияти иштирокчиёни касбии бозор равона гардидааст.

Дар фаъолияти худ Агентӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

  • қабул ва омода намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатии коғазҳои қиматнок;
  • пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок ва феҳристи иҷозатномаҳо;
  • амалӣ намудани назорат аз болои фаъолияти эмитентҳо, иштирокчиёни касбии бозор ва ҷамъиятҳои саҳомӣ;
  • қабул ва омода намудани ҳуҷҷатҳо барои додани иҷозатнома ба фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок;
  • таҳия ва татбиқи талаботи тахассусӣ, инчунин меъёрҳои устувории молиявии иштирокчиёни бозор;
  • таъмини ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • омӯзиш ва таҳлили рушди бозори коғазҳои қиматнок, инчунин таҳияи тавсияҳои методӣ;
  • расонидани хизматрасониҳои давлатӣ ва пулакӣ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • таҳия ва татбиқи стандартҳо, қоидаҳо ва меъёрҳои танзими фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок;
  • амалӣ намудани бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматнок ва додани рақами бақайдгирӣ;
  • иҷозатномадиҳӣ ва назорати фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;
  • гузаронидани санҷишҳо ва мониторинги фаъолияти эмитентҳо ва иштирокчиёни бозор;
  • пешбурди феҳристи саҳмдорон ва таъмини нигоҳдории маълумоти дахлдор;
  • мусоидат ба рушди фазои иттилоотӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии иштирокчиёни бозор;
  • таъмини нашри маълумоти расмӣ ва иштирок дар таҳияи сиёсати давлатии рушди бозори коғазҳои қиматнок;
  • таъмини ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ.
  • иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • дархост намудани маълумоти зарурӣ аз мақомоти давлатӣ ва субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок;
  • амалӣ намудани назорат ва гузаронидани санҷиши фаъолияти иштирокчиёни бозор;
  • талаб намудани ҳисобот ва маълумоти зарурӣ аз эмитентҳо ва иштирокчиёни касбии бозор;
  • пешгирӣ ва қатъ намудани амалиёти ғайриқонунӣ, инчунин татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ;
  • ирсоли мавод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муроҷиат ба суд тибқи тартиби муқарраргардида;
  • ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори хориҷӣ.
  • дигар ҳуқуқҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
  • Роҳбарии Агентиро Директор амалӣ менамояд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
  • Директор фаъолияти Агентиро роҳбарӣ намуда, фармоиш ва дастурҳо қабул мекунад, сохтор ва нақшаи кории Агентиро тасдиқ менамояд, инчунин кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
  • Муовини директор, сардорони шуъбаҳо ва сармуҳосиб бо пешниҳоди Директор аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешаванд.
  • Агентӣ ҳуқуқ дорад дар вилоятҳо намояндагиҳои худро таъсис диҳад.
  • Сохтори Агентӣ аз шуъбаҳо, бахшҳо ва воҳидҳои ёрирасон иборат мебошад.
Суроға: 734025, шаҳри Душанбе кӯчаи Шероз-35

Факс: (992 37) 221-64-10

Тамос: (992 37) 211-32-90

1
Пресс центр
Направления
Государственная регистрация
лицензирование
Финансовый контроль и мониторинг
Специальная регистрация
👥🏛️ Государственные услуги
Международное сотрудничество
Надзор за профессиональными участниками рынка ценных бумаг
Регулирование и надзор за рынком ценных бумаг
Регистрация выпуска ценных бумаг
Полезные ссылки
Документы
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Пресс-Центр
Деятельность
Документы
Контакты
Об Агентстве
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал