
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.12.2025, №26/10-465, оид ба ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ ва мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 санаи 29.01.2026 соати 9:00 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025» доир мегардад. Аз намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Гузориши матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025» дар шакли электронӣ замима карда шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон барои тамос: 235- 38- 63